ИЛЬМИХАЛЬ
99 ТАКБИРИ ИФТИТОЊ Аввалин рукни намоз такбири ифтитоњ, яъне ба намоз «Аллоњу акбар» гуфта оѓоз кардан аст. Ваќти такбир гуфтани њамза, яъне (Аааллоњу) гуфта кашида хондан љоиз нест. Агар касе чунин кунад, шурўъ ба намоз накарда аст ва агар дар дохили намоз чунин гўяд, намоз фосид мешавад. ЌИЁМ Дуюмин рукни намоз ќиём, яъне рост истодан аст. Ќиём дар намозњои фарзї ва вољиб шарт мебошад. Шахсе, ки ќуввати рост истодан дорад, ўро нишаста хондан љоиз нест. Бе узр дар намозњои суннат ва мустањаб нишаста хондан мумкин аст, ѓайр аз суннати намози бомдод, ки онро рост истода хондан бењтар аст. Бояд донист қиём дар намози фарз,дар намози воҷиб воҷиб,дар номози сунат сунат,дар намози нофила нофила мебошад. ЌИРОАТ Сеюмин рукни намоз ќироат аст. Намозгузор бояд чанд ояте аз Ќуръони карим ба тавре тиловат намояд, ки худ бишнавад. Ќироат дар намозњои витр, нофила, дар њар ду ракъати намозњои фарзии дураката ва дар ду ракати аввали намозњои фарзии чањор ракъата фарз мебошад. Дар ду ракъати охири намоз ќироат кардан суннат аст.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=