ИЛЬМИХАЛЬ

98 НИЯТ Шашумин шарти намоз ният аст, яъне ба ризогии Худо намоз бояд хонд ва бояд донад, ки кадом намозро ба љой меоварад ва ният бояд ќалбї бошад. Њамчунин, агар бо забон ва ќалб ният кунад, дуруст аст. Агар бо забон ният кунаду бо ќалб ният накунад, намоз дуруст њисобида намешавад. Имом Раббонї дар мактуби 186 љилди 1 мактуботи худ фармудааст: «Танњо бо забон ният кардан љоиз нест, бисёрињо бо забон ният карда, нияти ќалбиро тарк мекунанд. Дар ин сурат, яке аз фарзњои намоз, ки нияти ќалбї аст тарк мегардад, ва намоз ќабул намешавад. Бинобар ин, ният бояд бо ќалб анљом шавад, на бо забон. Муъайян кардани ният дар намозњои фарз, ид ва витр лозим мебошад. Масалан: «Намози бомдод, љумъа, витр ё ид»-ро дар ният бояд муайян кард. Аммо дар намозњои нофила фаќат ният ба хондани намоз кофї аст». АРКОНИ НАМОЗ Намоз шаш рукн (фарзњои дохилї) дорад: 1- Такбири тањрима 2- Ќиём 3- Ќироат 4- Рукўъ 5- Саљда 6- Ќаъдаи охир

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=