ИЛЬМИХАЛЬ
94 ВАЌТ Панљумин шарти намоз ваќт аст, яъне њар намоз бо дохилшавии ваќташ бояд хонда шавад. Намозе, ки пеш аз ваќт хонда шавад, дуруст њисобида намешавад. Ваќтњои намоз дар таќвимњомувофиќи шањру ноњияњо сабт шудааст. Ваќтњои макрўњ Се ваќт њаст, ки намоз хондан дар он макрўњ аст: 1- Назди имоми Аъзам миќдори 48 даќиќа баъд аз тулўъи офтоб ва назди имомайн 32 даќиќа мебошад. 2- Ваќти ќиём (рост шудан)-и офтоб, яъне 15-20 даќиќа пеш аз дохили ваќти пешин. 3- Ваќти ѓуруби офтоб, яъне миќдори 45 даќиќа пеш аз ваќти намози шом. Танњо метавонад фарзи намози асри он рўзаро (агар нагузорида бошад) адо кунад. Дар ин се ваќт намозњои ќазоии фарз, вољиб ва намози љанозае, ки пеш аз ваќти кароњат њозиршударо наметавон хонд. Инчунин наметавон ояти саљдаи тиловате, ки пеш хонда шудааст, ба љой оварад, агар ба љой оварда шавад, иъода (такрор)-и он лозим мешавад. Дар ин се ваќт намозњои нофила низ хонда
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=