ИЛЬМИХАЛЬ
93 дафъи њољатро тоза кардан, сипас бо об шўстан ва хушк кардан аст. Истибро: баъд аз пешоб кардан мардњо олати таносулии худро ба таври куллї пок кардан аз ќатрањои охири пешоб мебошад. Бењтарин равиши пок кардани он баъд аз молиш кардан, сулфа кардан, як миќдор роњ гаштан ё ба як тараф хам шудан мебошад. САТРИ АВРАТ Саввумин шарти намоз сатри аврат, яъне пўшидани мањалли аврат мебошад. Мањалли аврат ќисме аз бадани инсон аст, ки нишон додан ва нигоњ кардан ба он аз тарафи дигарон њаром мебошад. Мањалли аврати мардњо аз зери ноф то зери зону мебошад ва аврати занони озод ѓайр аз кафи дасту пойњо ва ѓайр аз рўй њамаи бадани онњо аврат њисобида мешавад. ИСТИЌБОЛИ ЌИБЛА Чањорумин шарти намоз истиќболи ќибла мебошад.Касоне,кидарМаккаимукаррамаКаъбаро мебинанд, рўй ба Каъба меоранд. Ононе, ки аз Каъба дуранд ва наметавонанд онро бубинанд, истиќболашон (яъне рўй овардани онњо) ба љињати Каъба кифоя аст.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=