ИЛЬМИХАЛЬ

89 Нифос. Барои он муддати муайян таъйин нест. Њатто аз баъзе занњо баъд аз таваллуд кардан хун намеояд ва агар ояд њам зуд ќатъ мешавад. Бояд онњо дарњол ѓусл карда, намоз ва дигар ибодатњояшонро ба љой биёваранд. Њадди аксари муддати замони нифос баъд аз таваллуд 40 рўз мебошад. Нифоси зане, ки дугоник таваллуд кардааст, аз таваллуди фарзанди аввал њисоб карда мешавад. Туњре (покї), ки дар миёнаи муддати њайзи зан рух медињад, аз рўзњои њайз њисобида мешавад. Масалан, њадди аќали рўзњои њайз се рўз аст. Рўзи аввал ва саввум хун биёяд ва рўзи дуввум хун наёяд, ин рўзи дуввум низ аз рўзњои њайз њисоб мешавад. Барои дарки охири муддати њайз бояд ранги хун комилан ба сафед мубаддал шавад ва бо сурх будани ранги хун метавонад рангњои хокистарї, сабз, зард ва сиёњ низ биёяд. Баъзе занњо одати муайян надоранд. Масалан як моњ, шаш рўз, аммо моњи дигар панљ рўз одат (њайз) доранд. Дар њолати ќатъ шудани хуни њайз дар рўзи панљум, ѓусл карда намозро хонда, рўзаи худро мегирад, танњо эњтиётан бо шавњараш хоб намекунад. Баъзе занњо одатњои муайян доранд. Масалан

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=