ИЛЬМИХАЛЬ
88 ЊОЛАТЊОИ ХОС БАРОИ ЗАНОН Барои занон се њолати махсус вуљуд дорад: 1-Њайз 2-Нифос 3-Истињоза 1.Њайз - хунест, ки аз раҳими (бачадон) занон дар замони муайян хориљ мешавад. Саршавии аввали њайз аз синни 9-солагї ва ќатъшавии охири њайз то синни 55-солагї мебошад. Хуне, ки хориљ мешавад ба он «њайз», «њолати њайз» ё «одати моњонаи зан» гуфта мешавад. 2.Нифос - хунест, ки баъди таваллуди фарзанд бе фосила аз раҳими (бачадон) зан хориљ мешавад. 3.Истињоза - Њангоме, ки зани њоиза камтар аз 3 рўз ва ё бештар аз 10 рўз хун бинад, онро истињоза гўянд. Баъд аз нифос њам зиёда аз 40 рўз хун биёяд истињоза њисоб мешавад. Хуни истињоза намозу рўза ва алоќаи љинсиро манъ наменамояд. Зане, ки аз ў хуни истињоза меояд, дар њар намоз вузўи тоза гирифта, намозашро мехонад. Њадди аќалли муддати њайз 3 шабонарўз ва њадди аксари он 10 шабонарўз мебошад. Покие, ки байни ду хун (одат) рух медињад, онро «туњр» (покї) меноманд. Муддати њадди аќалли он 15 шабонарўз буда, њадди аксари он њудуд надорад.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=