ИЛЬМИХАЛЬ
55 ТАЊОРАТ АЗ ЊАДАС Шарти аввали намоз тањорат аз њадас мебошад. Њадас ду хел мешавад: Њадаси асѓар (хурд) бевузўї (бе тањорат будан). Њадаси акбар (бузург) љанобат, њайз ва нифоси занон. Зану мард бояд пеш аз намоз хондан вузўъ бигиранд ва агар љунуб бошанд бояд ѓусл бигиранд. Ѓусл кардани занон баъди њайз ё нифос низ фарз аст. ТАЊОРАТ Тањорат покии динї буда, иборат аз шустану масњ кардани аъзоњои махсуси бадан аст. Ибодатњои зиёде њастанд, ки онњо бе тањорат анљом дода намешаванд. Масалан: шахси бе тањорат намоз хонда наметавонад, Каъбаро тавоф карданаш дам ( Қурбонӣ кардан ) вољиб мегардад ва Ќуръони каримро ба даст гирифта наметавонад магар бар ѓилоф. Шахсе, ки дидаву дониста намозро бе тањорат бихонад аз дин хориљ мешавад. Фарзњои тањорат 1- Шустани рўй. 2- Шустани дастњо бо њамроњии оринљ. 3- Масњ кардани чањоряки сар, яъне дасти худро тар карда ба сар кашидан.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=