ИЛЬМИХАЛЬ

53 Пайѓамбар (с) хуш пазируфта шудаанд. Суннат бар ду ќисм аст: а) Суннати муаккада: суннатњое, ки Пайѓамбар (с) њамеша иљро мекарданд, ба монандї: суннатњои намози бомдод ва пешин. б) Суннати ѓайримуаккада: суннатњое, ки Пайѓамбар (с) гоње анљом медоданд ва гоње тарк мекарданд, ба монанди суннатњои пеш аз намози аср ва хуфтан. 4-Мустањаб: амалњое, ки Пайѓамбар (с) баъзе ваќтњо анљом додаанд, ба монандї: садаќа додан ва рўзаи нофила доштан. 5-Мубоњ: амалњое, ки анљом додани онњо савоб ва тарки онњо гуноњ набошад, ба монандї: нишастану бархостан ва хўрданў нўшидан. 6-Макрўњ: амалњое, ки анљоми онњо нописанд буда, савоби амалњоро кам мекунад, ба монандї: дар дохили намоз ба њар тараф нигоњ кардан. 7-Муфсид: амалњое, ки анљоми онњо ибодати шурўъшударо фосид (бекор) мекунад, ба монанди: баромадани хуну зардоб дар ваќти тањорат доштан, дар намоз хандидан ё њангоми рўза доштан чизе хўрдан. 8-Њаром: анљом додани амалњое, ки бо далелњои ќатъї манъ шудаанд, ба монандї: нўшидани шароб ва нофармонии падару модар.

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=