ИЛЬМИХАЛЬ

47 МАЗЊАБ Мазњаб ба тамоми масоил ва ањкоме гуфта мешавад, ки муљтањидони бузург аз далелњои шаръї истихрољ кардаанд. Мусулмонон дар замони зинда будани Пайѓабар (с) њар гуна масъалаи пешомадаро азЭшонвабаъданаз бузургони сањобамепурсиданду меомўхтанд. Имомони мазњабњо масъалањои диниро аз сањобагону тобеъин омўхта ва љамъоварї кардаанд. Аммо масъалањои дар ояту њадис ва иљмоъ набударо бо раъйи худ, яъне иљтињодоти худро баён кардаанд ва бо мурури замон аз он мазњабњо ба вуљуд омадааст. Мазњаби њаќ дар эътиќод мазњаби ањли суннат ва љамоат мебошад ва он мазњаби касоне мебошад, ки пайрави эътиќод ва амали Пайѓамбар (с) ва асњобаш мебошанд. Имомони эътиќодии ањли суннат ва љамоат ду аст: 1- Имом Абумансур Муњаммади Мотуридї 2- Имом Абулњасани Ашъарї Ба таври куллї имоми эътиќодии мо мусулмонони њанафимазњаб - Имом Абумансур Муњаммади Мотуридї мебошад. Имом Абумансур Муњаммади Мотуридї, соли 280 њиљрї, мутобиќ ба соли 894 мелодї, дар дењаи Мотуриди Самарќанд таваллуд шуда, соли 333 њиљрї, мутобиќ ба соли 945 мелодї дар Самарќанд вафот кардааст.

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=