ИЛЬМИХАЛЬ
41 раззоќи тамоми оламиён буда, ризќи њамаи махлуќотро худ медињад. Аз ин рў , бояд ба Ў имон овард ва ризќро танњо аз Ў хост, зеро хазинаи Ў бисёр бузургу васеъ мебошад. Онњое, ки ба њастии Ў имони комил доранд, њаргиз ранљ нахоњанд кашид. Танњо касоне, ки Раззоќи оламро фаромўш карда ва умедашонро танњо ба ризќ мебанданд, аз ранљу машаќќат ва зарари дунёву охират њаргиз халос нахоњанд шуд. ТАВАККАЛ Барои ба маќсад расидан тамоми сабабњои моддї ва маънавиро ба љой оварда, натиљаашро аз Худованд бояд хост. Инсон агар ба хостањояш нарасад, набояд зуд ноумед шавад, балки «Ин кор барои ман хайр аст» гуфта, ба таќдир розї шавад. Чунончї Худованд дар Ќуръони карим мефармояд: «Шояд чизеро бад бубинед ва дар он хайри шумо бошад ва шояд чизеро дўст дошта бошед ва ў бароятон бад бошад».. Бо дода ќаноат куну бо дод бизї, Дар банди такаллуф машав, озод бизї. Дар бењ зи худе назар макун, ѓусса махўр, Дар кам зи худе назар куну шод бизї. (Абўабдуллоњи Рўдакї)
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=