ИЛЬМИХАЛЬ
39 Аммо боз афроде њам њастанд, ки иштибоњан мегўянд: «Ту њарчї хоњї анљом дињї, анљом бидењ, аммо Худованд касеро, ки бихоњад њидоят ва касеро бихоњад гумроњ мекунад». Ин тарзи фикр низ иштибоњ аст, зеро ояте дар ин хусус нозил шудааст ва бисёрињо онро иштибоњ тафсир мекунанд. Таъвил ва тафсири дуруст ин аст, ки устод Сулаймон Њилмї Тунахон ироя намудааст: «Шахсе, ки некї бихоњад, Худованд ба он шахс некї медињад ва шахсе, ки гумроњї бихоњад, Худованд ба ў гумроњї медињад». Ў дар идома мефармояд: «Ба касе љаннатї ё дузахї гуфтан нашояд, зеро инсон бо иродаи љузъия дар интихоби аъмолаш озод мебошад. Бинобар ин, бо иродаи љузъияи худ яке аз ин ду амалро интихоб кунад, ў ба њамон љой хоњад рафт». Чун банда масъули тамоми корњои худаш мебошад, аз ин рў, ўро исён кардан нашояд ва сари таслим фурўд оварда, ба муќаддарот ва он чизе, ки ба сараш меояд, чорае љуз таслим шудан надорад. Бар ўњдаи мо инсонњо њимоя намудан аз балоњои ошкору нињон ва розу ниёз бо Худо љињати сињњату саломатии худамон вазифаи басо муњим аст. Пайѓамбар (с) дар як њадиси шариф мефармоянд: «Садаќа балоро рад карда, умрро зиёд мекунад».
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=