ИЛЬМИХАЛЬ

38 Иродаи љузъияе, ки ба инсон дода шуда, мисли “чамбараки” мошин аст. Инсон чамбарак-ро ба њар тараф, ки битобад, мошин низ ба њамон самт њаракат хоњад кард. Бинобар ин, инсони гунањкор наметавонад, ки бо гуфтани «Ман чї кор кунам, Худованд чунин хоста ё чунин офаридааст» худро аз масъулият озод кунад. Оре, Худованд хоста, аммо ирода ва саъйи бандаро низ дар ин роњ дида ва иљобат кардааст. Дар њаќиќат, агар банда чунин иродаи љузъия ва њаќќи интихоб намедошт, Худованд ба бандааш фурсати имтињон надода, ўро ба некї (хайр) ё бадї (шар) маљбур мекард. Дар њоле, ки Худованд њаргиз бандаашро ба гуноњ кардан водор намекунад, чун Ў аз ин амалњо пок аст ва њаргиз касеро бидуни гуноњ азоб намедињад. Бархе мегўянд: «Дар азал рўњи баъзењо саљда карда ва рўњи баъзеи дигар не ва рўњи касоне, ки дар азал саљда накарда онњо кофир њастанд». Ин аќида ба њељ ваљњ дуруст нест, зеро ваќте Худованд њамаи рўњњоро амр ба саљда кард, касе њуќуќи эътироз карданро надошт, аз ин рў њама саљда карданд. Ва Худованд ба он рўњњо хитоб кард: «Аласту бираббикум (оё ман Парвардигори шумо нестам?», Дар љавоб тамоми рўњњо гуфтанд: «Бало» ( Ту парвардигори мо њастї)

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=