ИЛЬМИХАЛЬ
34 Ихтилофоте, ки дар байни онњо рўх додааст, мо њаќ надорем, ки њељ яке аз эшонро маломат бикунем, зеро онњо муљтањид буданд ва тибќи иљтињоди худ амал кардаанд. Шахсе, ки дар њаќќи сањобагон суханњои носазо бигўяд, имони он шахс заъиф шуда, динаш ноќис мемонад ва то замоне, ки эътиќодашро ислоњ накунад, ба њељ ваљњ наметавонад мўъмини комил бошад. Сањобагон ду навъ њастанд: • Муњољирин • Ансор Муњољирин - мусулмонони ањли Макка њастанд, ки молу мулкашонро барои ризои Худо тарк намуда, ба Мадина њиљрат кардаанд. Ансор - мусулмонњои ањли Мадина буданд, ки бародарони мусулмони ба Мадина њиљрат кардаро барои ризои Худо бо тамоми њастї ќабул ва кўмак кардаанд. Ба ҷуз ин ду табақа аз тамоми гушаву канор қабоили дигари арабӣ ва ғайри арабӣ саҳобагон низ буданд. Худованд ба ин ду гурўњ барои хизматњои бузурге, ки барои Ислом ва ризои Худо анљом додаанд, аљру подоши бузург ато кардааст. Баъд аз пайѓамбарон бофазилаттарин инсонњо сањобагони кироммебошанд. Бењтарини сањобагон низ Абубакри Сиддиќ, Умари Форуќ, Усмони Зиннурайн ва Алии Муртазо (разияллоњу анњум) мебошанд.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=