ИЛЬМИХАЛЬ
30 ПАЙЃАМБАРИ ХУДРО ХУБ БИШНОСЕМ Фазилат ва шарафмандии инсон дар дунё ва охират вобаста ба хуб шинохтани њазрати Муњаммад (с) ва уммати њаќиќиї Ў мебошад. Инсоне, ки Пайѓамбарро надонаду нашиносад ва дўст надорад, наметавонанд бошарафу бофазилат бошад. Номи мубораки эшон Муњаммад (с), номи падар Абдуллоњ ва номи модарашон Омина аст. Њангоме, ки Пайѓамбар дар рањми модар 7-моња буданд, падарашон вафот мекунанд. Пайѓамбар (с) шаби душанбе, 12 рабеъ-ул-аввал мутобиќ ба шаби 20-уми апрели соли 571 мелодї, наздики субњ дар Маккаи мукаррама ба дунё омаданд. Њангоми таваллуд он нури нубуввате, ки дар симои Эшон мушоњида мешуд, чашми њар бинандаро хира мекард. То синни 4-солагї дар назди модари разоъї (зане, ки ба эшон шир дода) Њалима монданд ва Баъд аз 4-солагї ба модари худ супурда мешаванд. Дар синни 6-солагї модарашонОмина вафот мекунад. Сипас, тарбияи Муњаммад (с)-ро Абдулмутталиб (бобои эшон) бар ўњда мегирад, аммо ду сол баъд аз вафоти модар, яъне дар синни 8-солагї буданд, ки Абдулмутталиб низ аз дунё меравад. Пас аз он, тарбияи эшон бар ўњдаи амакашон - Абутолиб
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=