ИЛЬМИХАЛЬ
29 Барои ќадру ќиммати њазрати Муњаммад (с)-ро санљидан дар дасти башар тарозуе вуљуд надорад то азамату бузургии Ўро бисанљад. Чунончї, як нафар ѓайримусулмон ба Пайѓамбари мо чунин эњсоси њайрат карда, алоќамандї ва муњаббаташро изњор мекунад, ва мо умматонро лозим аст бо шўру шавќ ба Ў муњаббат дошта бошем. Ќобили зикраст, кибаъдибадунё омаданињазрати Пайѓамбар (с), ањкомушариатипайѓамбаронипешин боќї намемонад, зеро њукмфармої ва њаќќоният танњо ба Ќуръони карим ва њазрати Муњаммад (с) тааллуќ дорад. Чунончї, боре Пайѓамбар (с) сањифањои «Таврот»-ро дар дасти њазрати Умар (р) дида нороњат мешаванд ва мефармоянд: «Шумо њам мисли яњудињо ва насронињо ба нубуввате, ки ба ман дода шуда ва Ќуръоне, ки ба ман нозил шуда шубња доред? Ќасам ба Худо, агар Мўсои пайѓамбар, ки ба ў «Таврот» нозил шуда имрўз зинда мебуд, ба љуз пайравї аз ман чораи дигаре надошт». Бинобар ин, бо вуљуди таблиѓоти динњои тањриф шуда, бахусус дини насроният бояд бидонем, ки дар асримо ањкоми «Инљил» ва «Таврот» дигар вуљуд надоранд, зеро аз ин замон ва то рўзи ќиёмат њукмронї танњо аз они Ќуръони карим ва суханони њазрати Муњаммад (с) мебошад.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=