ИЛЬМИХАЛЬ

213 Шахсе, ки ба хондани ин дуъо одат кунад, сабилайни (шармгоњи) ў дучори беморї нахоњад шуд. Ба њољатхона ва њаммом бояд бо пойи чап дохил шуда, бо пойи рост берун шуд. Инчунин, ба хона ва масљид бо пойи рост дохил шуда, бо пойи чап берун шудан лозим аст. Дуъое, ки баъд аз хоби бад дидан хонда мешавад Шахсе, ки хоби бад мебинад, барои амалї нашудани он хоби бад бояд се ояти охири сураи «Њашр», як маротиба «Фотиња» ва 11 маротиба «Ихлос»-и шарифро хонда, ба рўњи мубораки Пайѓамбар (с) њадя кунад. Худовандо! Хоби ман агар хуб бошад, дар хайру некии доим гардон, агар шарр бошад ба хайр табдил гардон, агар хайр бошад барои мо ва агар шарр бошад ба душманон бирасон. Барои амали шудани хоби нек як бор сураи «Фотиња» ва 11 бор сураи «Ихлос»-ро хонда, ба рўњи мубораки Пайѓамбар (с) њадя бояд кард.

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=