ИЛЬМИХАЛЬ

208 ВАЗИФАЊОИ МУСУЛМОНОН ДАР ЉОМЕЪА 1- Риъояи њаќќи њамсоядорї Наздиктарин шахс барои мо баъд аз иёлу хешовандон њамсояњо мебошанд, ки њаќќи онњо бояд комилан ба љой оварда шавад. Њамсояњоро бо даст, забон ва дигар амалњои бад азият накунем, зеро тавре Паёмбар (с) мефармоянд: «Љабраил (ъ) ба наздам омад ва дар бораи њаќќи њамсоядорї он ќадар васият намуд, ки фикр кардам њамсояро вориси моли њамсоя хоњад кард». 2-Ахлоќи пазирої аз мењмон Паёмбар (с) мефармоянд: «Шахсе, ки имон ба Худо ва рўзи охират дорад, ба мењмон икром кунад». Ба хонае, ки мењмон ташриф меорад, он хона аз тамоми фаќирї ва тангдастї озод шуда, дорои василаи хайр ва баракат хоњад шуд. Расули акрам (с) њамчунин фармудаанд: «Мењмон ба хонаи мизбон њамроњ бо дањ ризќ меояд ва яке мехўрад ва нўњтои дигарро боќї мегузорад». Мусулмонњое, ки дорои имкониятњои хуб њастанд, бояд ахлоќи исломиро риъоят карда, икром намудани мењмонро вазифаи муњимтарини худ бишуморанд.

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=