ИЛЬМИХАЛЬ

204 байни хавф ва умед мебошад». Мўъмин ба рањмати Худованд умед дорад ва аз таќдири худ низ дар хавфу андеша бояд бошад. Агар гўянд ба љаннат як нафар дохил мешавад дар љавоб хоњад гуфт: «умед дорам он як нафар ман бошам». Агар боз бигўянд ба љањаннам низ як нафар хоњад рафт дар љавоб хоњад гуфт: «Худо накунад, ки он як нафар ман бошам». Дар як њадиси ќудсї омадааст: «Агар бандаам ба тарафи ман як ваљаб наздик шавад, ман ба тарафи ў як зироъ наздик мешавам ва агар бандаам ба тарафи ман оњиста-оњиста биёяд, ман ба тарафи ў давон-давон хоњам рафт». Ин њадис баёнгари он аст, ки авфу њидояти Худованд дар зудтарин фурсат шомили њоли касоне мешавад, ки аз Худованд афву њидоят мехоњанд. Шартњои ќабул шудани тавба • Инсон зарари гуноњи содиркардаро бояд донад, зеро гуноњ инсонро аз саъодату саломатии дунё ва охират мањрум мекунад. • Инсон бояд аз гуноњони аз пеш кардааш пушаймон бошад. • Инсон бояд ончунон ирода дошта бошад, ки дигар аз ў гуноњ сар назанад. Дар сурати сар задани гуноњ ў бояд хайру эњсон ва некї карда, намоз гузорад

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=