ИЛЬМИХАЛЬ
195 Нисоб - андозае аст, ки дин барои љињати вољиби закот муайян кардааст. Агар шахсе ќарздор бошад, молаш аз нисоб гузашта бошад, аз нисоби закот ќарз људо карда шавад ва боқи ба нисоб расад, закот медињад. Агар шахсе 20 мисќол (82 грамм) тилло ё ба монанди ин пул ва моли тиљоратї дошта бошад низ закот медињад. Аз њар 40 сомонї 1 сомонї њамчун закот пардохт мешавад. Закоти њайвонњо ба навъ ва љинси онњо таѓйир мекунад. Масалан: дар гўсфанд аз чињил гўсфанд як гўсфанд, дар панљ уштур як гўсфанд, аз сї гов як гусолаи як сола мебошад. Њамчунин, маъданњо низ закот доранд. УШР Ушр - закоти мањсулоти заминро меноманд, ки аз мањсулоти аз замин ба даст омада, њамчун ушр аз дањ як дода мешавад. Агар замин бо маблаѓ об дода шавад, аз бист як дода мешавад. Мањсулоти замин гандум, љав, биринљ, тарбуз, бодиринг, боимљон, зайтун, кунљит, асал, найшакар ва амсоли инњо мебошанд. Заминњои Тољикистон заминњои ушрї буда, дорои соњиб ва санад мебошанд. Кишоварзони мусулмон љињати њалол шудани хурду хўрокашон ушрро бояд пардохт намоянд.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=