ИЛЬМИХАЛЬ

193 эътикофро бекор месозад. Бинобар эњтиёљи зарурии динї, аз масљид баромаданимўътакиф эътикофро бекор намесозад. Масалан, дар масљиди нишастааш, агар намози љумъа хонда нашавад, ба масљиди наздиктарин рафта намозашро адо мекунад. САДАЌАИ ФИТР Садаќаи фитр садаќае аст, ки додани он дар моњи рамазон вољиб аст. Њар мусулмоне, ки соњибнисоб бошад, садаќаи фитр дар гарданаш вољиб мегардад. Шартњои вољиб будани садаќаи фитр инњо мебошанд: мусулмон будан, озод будан ва беш аз ниёзи аслї ба миќдори нисоб дорої доштан. Садаќаи фитр ба монандї закот ба сабаби нумўъ кардан ва гузаштани сол нест. Ба шахсоне, ки закот дода мешавад, садаќаи фитр низ ба њамон шахсон дода мешавад. Вољибии додани садаќаи фитр аз дамидани субњи содиќи рўзи ид то поён ёфтани намози ид мебошад. Ва додани садаќаи фитр пеш аз ваќт низ љоиз аст.

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=