ИЛЬМИХАЛЬ

177 Ватан се ќисм аст: 1- Ватани аслї. 2- Ватани иќоматї. 3- Ватани сукунат. Ватани аслї Љойи таваллуд ё издивољи инсон аст. Љойе, ки мањалли таваллуд ва издивољи инсон набошад ва шахс он љойро интихоб намуда зиндагї намояд, ватани аслии ў њисобида мешавад. Ватани аслиеро, ки инсон онро бо ватани аслии дигар иваз менамояд, танњо бо ватани аслии дигар њукмашро аз даст медињад. Масалан: мањалли таваллуди як инсон ватани аслии ўст, фаќат аз љойи дигар издивољ карда ба шањри њамсараш сукунат кунад, шањри худаш хукми ватани аслиро аз даст хоњад дод. Дар ватани ќадимияш камтар аз 15 рўз иќомат кунад, намозњои чањор ракъатаро ќаср хоњад хонд. Чунончї, Паёмбари акрам (с) аз Мадина њар гоњ ба зодагоњаш, ба љое, ки бузург шуда ва издивољ карда буд, яъне ба шањри Макка меомад, намозњояшро ќаср адо мекард. Агар шахсе, ки ду ё се зан дошта бошад, њар кадоми ўро ба шањрњои људогона маскан карда бошад, дар њељ яке аз ин шањрњо мусофир нахоњад буд. Ватани аслї бо ватани иќомат њукмашро аз даст нахоњад дод.

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=