ИЛЬМИХАЛЬ

176 медињад. Њамчунин, мусофирњои муќтадї низ салом хоњанд дод. Агар муќтадињо мусофир набошанд, баъд аз салом додани имоми љамоат намозашонро ба пуррагї тамом хоњанд кард. Дар ќиём, агар хоњанд «Фотиња» мехонанд ва агар нахоњанд намехонанд. Дар сурати нахондан ба миќдори хондани «Фотиња» сукут намуда, баъд ба рукўъ мераванд. Мусофире, ки дар боло зикр кардем, ба њар шањру дењае, ки меравад ба муддати 15 рўз нияти иќомат бикунад, дигар њукми мусофириро надошта, намозњояшро комил адо менамояд. Дар сурате, ки нияти иќомат карданро накунад ва ба сабаби тамом нашудани кораш имрўз-фардо гуфта моњњо, њатто солњо бимонад, њукми мусофирро дорад. Шахси мусофир ба ватани аслии худ баргардад аз њукми «мусофир» хориљ мешавад. Дар ватани аслии худ њарчї ќадар кам бимонад, комил адо мекунад. Шахси мусофир намозњои 4 ракъатае, ки дар сафар ќазо намудааст, дар сафар ё баъд аз гаштан ба ватан 2 ракъат ќазої мехонад. Ќазоии намозњое, ки пеш аз сафар ќазо шудааст, дар сафар низ 4 ракъат хонда мешавад.

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=