ИЛЬМИХАЛЬ
173 малакњо љавоб дињад. Аммо кофирњо ва ањли исён бо дидани малакњо: Мункар ва Накир аз њайбати эшон тарсида гунг мешаванд ва љавоб дода наметавонанд. Малакњо мўъминњоеро, ки ба суолњои онњо љавоб додаанд муждаи (башорати) љаннат медињанд, ки баъд аз он барои мўъминон эњсони Худованд шурўъ мешавад. Ба куффор ва гунањкороне, ки ба суолњои малакњо љавоб дода натавонистанд «Вайл бар шумо» гуфта, дарњол азобу ранљи онњо дар ќабр шурўъ хоњад шуд. СУОЛУ ЉАВОБ ДАР ЌАБР: - Рабби шумо кист? - Рабби ман Аллоњ. - Динат чист? - Динам ислом. - Паёмбарат кист? - Паёмбарам Муњаммад(с). - Китобат чист? - Китобам Ќуръони карим. - Ќиблаат куљост? - Ќиблаам Каъбаи муъаззама. - Аз фарзандони кї њастї? - Аз фарзандони Одам (ъ) њастам. - Аз кадом миллат њастї? - Аз миллати Иброњим (ъ) њастам.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=