ИЛЬМИХАЛЬ
172 даст биёяд, ба љои он гузоштани ѓишти пўхта, тахта ё амсоли он макрўњ аст. Рўи ќабр бо хок пўшонида мешавад, аммо шарт ин аст, ки хоки худи ќабр бошад. Он ба андозаи як ваљаб аз замин баланд карда шуда, мисли кўњони шутур мешавад. Бисёр баланд ё чањоргўша карда намешавад. Навиштан ба санги мазор барои нишона боке надорад. Дар дохили хона дафн кардани майит макрўњ аст. Дохили хона дафн шудан танњо махсуси пайѓамбарон аст ва авлиёуллоҳ . Дафн кардан дар замини ѓасбї (аз соњибаш маљбуран кашида гирифташуда) низ љоиз нест. Таъзия барои мусибат дорон се рўз буда, бештар аз он макрўњ аст. Ба рўњу арвоњи майит хатми тавњид ва хатми Ќуръон анљом дода, ба марњум њадя бояд кард. Барои мурда хатм намудан ва амсоли он фоидањои азим, савоб ва аљри зиёд дорад. Инчунин, барои рўњу арвоњи мурда садаќа додан, корњои хайр анљом додан ва ба фуќаро кўмаку эњсон кардан низ савоби зиёд дорад. Суол љавоби ќабр Пас аз вафот ва замоне, ки инсон ба ќабр гузошта мешавад, назди ў ду малак омада аз Худо, дин, пайѓамбар ва китобњо суол мекунанд. Дар он ваќт Худованд соњиби имон, итоат ва амали хубро ќодир мегардонад, ки ба суолњои
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=