ИЛЬМИХАЛЬ

164 Ин тасбењот дар ракъати аввал 75 маротиба хонда мешавад. Ба ин тартиб дар ракъати дуввум низ 75 маротиба хонда мешавад. Ракъатњои саввум ва чањорум низ чунин аст. Намози тасбењ намозест, ки барои анљоми он ташвиќ шудааст. Ба хондани он одат кардан мустањаб ва танбалї набояд кард. Шахсоне, ки хондани намози тасбењро намедонанд,ба маќсади омухтан метавонанд онро бо љамоъат анљом бидињанд. Њангоми бо љамоъат хондан имом бояд адои онро ба худ назр карда (яъне ба худ вољиб карда), дар ваќти адо кардан тасбењотро љањрия (баланд) хонад то муќтадињо онро гўш кунанд. БАЊСИ ЉАНОЗА Мусулмоне, ки дар њолати мавт аст, ўро бар рўйи китфи рост хобонида, рўяш ба тарафи ќибла баргардонида шуда, дар наздаш калимаи шањодатро талќин намуда, инчунин сураи Ёсин хонда мешавад. Њангоме, ки вафот кард манањаш аз рўи сар бо як порча матоъ (латта) баста мешавад. Чашмњояшро баста, дастњояш ба ду тарафи бадан дароз карда мешавад. Барои варам накардан ба рўи шиками ў як порчаи оњан ё санг гузошта мешавад. То ваќти шўстан дар назди ў Ќуръон

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=