ИЛЬМИХАЛЬ
162 хонандаи ин намоз ќабул ва мартабааш баланд хоњад шуд. Ин намозест, ки Расулуллоњ (с) онро њаргиз тарк накардаанд. ва намози тањаљљудро дар ду ракаъат як салом дода камаш 6 ракъат хондан лозим аст. Ваќти тањаљљуд баъд аз нисфи шаб (яъне акси зидди намози пешин) шурўъ шуда, то ваќти тулўъи фаљри содиќ идома меёбад. Масалан: агар ваќти намози пешин соати 1.00 бошад, соати 1.00 шаб шурўъи ваќти тањаљљуд хоњад буд. Намози тасбењ Намози тасбењ бузургтарин тавба ва истиѓфор аст, ки бо тамоми бадан анљом дода мешавад. Њазрати Икрима (р) аз њазрати Ибни Аббос (р) ривоят кардаанд, ки Расули акрам (с) ба амаки муњтарамашон њазратиАббос (р) дар бораи намози тасбењ чунин фармуданд: «Эй Аббос, эй амак, оё ба ту чизе надињам? Оё ба ту чизе набахшам? Оё ба ту чизе тўњфа накунам? Оё ба ту дањ хислатро пешнињод нагардонам? Њар ваќт, ки ин амалро анљом бидињї Худованд гуноњони аввалу охир, кўњнаву нав, барќасду беќасд, хурду калон ва махфию ошкорои туро маѓфират менамояд. Эй Аббос (р) агар тавонистї ин намозро њар рўз анљом бидењ ва агар њар рўз анљом дода натавонистї, њар
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=