ИЛЬМИХАЛЬ

158 мебошад, танњо дар њар ракъат се такбири зиёдатї гирифта мешавад. Се такбири аввал дар ракъати аввал баъд аз «Субњонакаллоњумма» ва пеш аз «Фотиња» ва се такбири дигар дар ракъати дуввум баъд аз ќироат (замми сура) гуфта мешавад, ки ин шаштакбир вољибмебошанд. Барои наздик будани такбирњои ид ба такбирњои рукўъ, њар ду такбири рукўъи ракъатњои намоз низ вољиб мебошанд. Такбири ифтитоњ чунонки дар намозњои дигар фарз аст, дар намозњои ид низ фарз ва такбирњои боќимонда суннат мебошанд. Дар идњо хутба баъд аз намоз хонда мешавад. Дар иди Фитр аз садаќаи фитр ва дар иди Ќурбон аз фазилати ќурбонї суњбат мешавад. Гуфтани такбири ташриќ баъд аз намози бомдоди рўзи арафа то асри рўзи чањоруми ид, ки љамъан 23 ваќт аст, вољиб мебошад Такбири ташриќ: Аллоњу акбар. Аллоњу акбар. Ло илоња иллаллоњу валлоњу акбар. Аллоњу акбар ва лиллоњил-њамд. Гуфтани ин такбир бар њар зану марди муќим, мусофир, муќтадї ва мунфарид баъд аз хондани намозњои фарз бо ҷамоъат вољиб мебошад.

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=