ИЛЬМИХАЛЬ

155 Тарзи анљом додани саљдаи сањв: Њангоме, ки саљдаи сањв вољиб мешавад, баъд аз хондани «Аттањийёт» ба ду тараф салом дода, такбири «Аллоњу акбар» гуфта, паси њам ду саљда анљом медињад. Баъд аз саљдаи дуввум «Аттањийёт, Аллоњумма сали ъало, Аллоњумма борик ва раббано отино»-ро хонда салом медињад. Агар саљдаи сањвкунанда имом бошад, танњо ба тарафи рост салом дода, баъд саљдаи сањвро анљом медињад. НАМОЗИ ЉУМЪА Намози љумъа намозест, ки бо љамоат хондани он дар рўзи љумъа, њангоми намози пешин фарз аст. Намози љумъа ба љуз шартњои намозњои панљваќта ду шарти дигар низ дорад: • Вуљуб, яъне шарти фарз будани он бар мусулмонњо. • Сињњат, яъне шартњои сињњати намози љумъа. Намози љумъа њафт шарти вуљуб дорад: 1- Мард бошад (зан ё хуносо набошад) 2- Озод бошад (ѓулом ва зиндонї набошад) 3- Муќим бошад (мусофир набошад) 4- Солим бошад (ба ќадре бемор набошад, ки натавонад ба намоз биравад).

RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=