ИЛЬМИХАЛЬ
153 Намози витр Намози витр вољиб ва се ракъат мебошад. Пас аз намози хуфтан ба љой оварда мешавад. Дар њар ракъат баъд аз «Фотиња» замми сура карда мешавад. Намози витр чунин хонда мешавад: Намози витр бо ният ва бо такбири «Аллоњу акбар» шурўъ мешавад. Монанди дигар намозњо ду ракъатро адо карда, танњо «Аттањийёт» мехонад. Бо гуфтани такбири «Аллоњу акбар» барои ракъати саввум баланд мешавад. «Фотиња» ва замми сура менамояд ва пеш аз ба рукўъ рафтан дастњо кушода шуда, бо гуфтани такбири «Аллоњу акбар» дастњо то нармии гўш баланд карда мешаванд. Сипас, дастњоро баста, дуои ќунут мехонад ва мисли намозњои дигар дастњоро кушода, бо гуфтани такбир «Аллоњу акбар» ба рукўъ меравад. Баъд аз саљда кардан «Аттањийёт, Аллоњумма сали ъало, Аллоњумма борик ва раббано отино»-ро хонда салом медињад. Ба ин шакл панљ ваќт намози як шабонарўз, бо фарз, вољиб ва суннатњояш адо карда мешавад. Теъдоди ракъатњои панљ ваќт намоз: Фарзњо: 2 Бомдод. 4 Пешин. 4 Аср. 3 Шом. 4 Хуфтан. Љамъ: 17 ракъат. Вољиб : Танњо 3 ракъат витри вољиб аст.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=