ИЛЬМИХАЛЬ
152 4- Намози шом Намози шом панљ ракъат: се ракъат фарз ва ду ракъат суннат мебошад. Дар намози шом фарз пеш аз суннат хонда мешавад. Шахсе, ки мехоњад намози шомро бихонад, баъд аз азон ќомат гуфта, ният карда, се ракъат мехонад. Ракъатњои аввал ва дуввум монанди фарзи намози бомдод хонда, нишаста «Аттањийёт»-ро мехонад. Такбир «Аллоњу акбар» гуфта, барои ракъати саввум мехезад. Дар ракъати саввум танњо «Фотиња» хонда менишинад. «Аттањийёт, Аллоњумма сали ъало, Аллоњумма борик ва раббано отино»-ро хонда салом медињад. Баъд аз фарз ќалбан ният карда, монанди суннати намози бомдод ду ракъат мехонад. 5- Намози хуфтан Намози хуфтан иборат аз нўњ ракъат, чањор ракъат фарз ва ду ракъат суннат ва се ракъат витри вољиб иборат мебошад. Шахсе, ки мехоњад ќабл аз фарзи намози хуфтан чањор ракъат суннати ѓайримуаккада бихонад, баъд аз он ќомат гуфта, монанди фарзи намози пешин чањор ракъат фарз, баъд монанди суннати бомдод ду ракъат суннат ба љой меорад. Ин намозњо ба љуз ният дигар фарќияте надоранд.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=