ИЛЬМИХАЛЬ
151 охир хонда, салом медињад. Фарзи намози пешин низ монанди суннати он хонда мешавад. Танњо мардњо ќомат гуфта ният мекунанд. Дар ракъатњои саввум ва чањорум танњо «Фотиња» хонда мешавад ва замми сура карда намешавад. Њамчунин, дар ракъатњои саввум ва чањоруми фарзњои дигар низ «Фотиња» хонда шуда, замми сура карда намешавад. Суннати охири намози пешин низ монанди суннати намози бомдод хонда мешавад. 3- Намози аср Намози аср аз чањор ракъат фарз иборат мебошад.Шахсе, ки мехоњад ќабл аз фарзи намози аср чањор ракъати ѓайримуаккада бихонад, тарзи хондани суннати ѓайримуаккада чунин аст: Ду ракъати аввалро монанди суннати намози бомдод мехонад. Танњо баъд аз «Аттањийёт, Аллоњумма сали ъало ва Аллоњумма борик»-ро низ мехонад. Бе салом додан такбир «Аллоњу акбар» гуфта, барои ракъати саввум баланд шуда, пеш аз «Фотиња» хондани Субњонакаллоњумма» аъузубиллоњ ва бисмиллоњ гуфта, ду ракъати дигарашро низ мехонад. Фарзи намози аср монанди фарзи намози пешин хонда мешавад ва танњо ният фарќ мекунад. Пеш аз шурўъ ба фарз мардњо ќоматро набояд фаромўш намоянд.
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=