ИЛЬМИХАЛЬ
150 ПАНЉ ВАЌТ НАМОЗ 1- Намози бомдод Намози бомдод ду ракъат суннат ва ду ракъат фарз ва дар маљмўъ чањор ракъат мебошад. Аввал суннат, баъд фарз ба љой оварда мешавад. Шахсе, ки мехоњад намоз бигзорад, бо вузўъ рўй ба ќибла оварда, дарњоле, ки рост истода аст, бо ќалб барои адои суннати намози бомдод ният карда, «Аллоњу акбар» мегўяд. Фарзи намози бомдод мисли суннати он гузошта мешавад ва танњо пеш аз оѓоз намудани фарз ќомат гуфта мешавад (Занњо њељ гоњ дар намоз ќомат намегўянд). Дар фарзи намози бомдод сураи дароз хондан суннат мебошад. 2- Намози пешин Намози пешин чањор ракъат суннат, чањор ракъат фарз ва ду ракъат суннат, љамъан дањ ракъат мебошад. Шахсе, ки мехоњад намози пешинро адо намояд, ният намуда, ба монанди намози бомдод баъд аз ду ракъат менишинад ва «Аттањийёт»-ро мехонад, баъд такбир гуфта, барои ракъати саввум баланд шуда «Фотиња ва замми сура» мехонад. Ракъатњои саввум ва чањорумро монанди ду ракъати аввал ба љой оварда менишинад «Аттањийёт, Аллоњумма сали ъало, Аллоњумма борик ва раббано отино» -ро то
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=