ИЛЬМИХАЛЬ
131 Баъд аз такбир, тањлил ва тањмид дастњоро баланд бардошта, дуо хонда мешавад (расми 15- 16) . Тамоми намоз ба ин шакл бояд ба љой оварда шавад. Дар ќаъдаи аввали фарзњои 3 ва 4 ракъата, суннати муаккадаи 4 ракъата ва намози витр танњо “Аттањийёт” хонда мешавад, аммо «Салавоти шарифа» хонда намешавад. Ва дар суннатњои ѓайримуаккадаи намози аср ва хуфтан дар ќаъдаи аввал баъд аз «Аттањийёт, Аллоњумма сали ъало ва Аллоњумма борик ъало» хонда мешавад. Дар аввали ракъати саввум баръакси дигар намозњои чањор ракъатa «Субњонакаллоњумма Аъузу биллоњ ва Бисмиллоњ» хонда, баъд «Фотиња» шурўъ мешавад. Нияти суннати намози пешин: ният кардам бигзорам чањор ракъат суннати намози пешин ваќте, ки бар ман аст, рўй овардам ба ќибла, ќибла ба љињатиКаъба, холисан-лиллоњи таъоло «Аллоњу акбар» гуфта, ба дил ният мекунад. Аммо дар фарз бошад: ният кардам бигзорам чањор ракъат фарзи намози пешин ваќте, ки бар ман аст, рўй овардам ба ќибла, ќибла ба љињати Каъба «холисаллиллањи (тавоно) аст..
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=