ИЛЬМИХАЛЬ
127 дил ният мекунад. Баъдан ангуштњои ду дастро бо њолати кушода ба тарафи ќибла карда, ангуштњои ибњоми (бузурги) дастро то нармии гўш баланд карда, такбири ифтитоњ, яъне: «Аллоњу акбар» мегўяд (расми 1) . Занњо низ ангушти дасташонро то баробари китфашон баланд мекунанд (расми 2) . Мардњо кафи дасти ростро бар пушти дасти чап (ба сурате, ки ангушти ибњом (бузург) ва хурд дар банди дасти чап њалќа зада шавад) гузошта, дастњояшонро зери ноф мегиранд (расми 3) . Занон дасти росташонро рўйи дасти чап нињода ба рўйи сина мегузоранд ва бо чашмњо ба мањалли саљдагоњ назар мекунанд (расми 4) . Баъд аз бастани даст «Субњонакаллоњумма…» хонда, аузубиллоњ, бисмиллоњ ва Фотиња ќироат карда мешавад. Дар охири Фотиња “Омин” гуфта, як сура ё як ояте, ки баробари як сураи кўтоњ бошад хонда, бо гуфтани такбир (Аллоњу акбар) дастњоро кушода, ба рукўъ бояд рафт. Мардњо дар рукўъ бо ангуштњои кушода зонуњояшонро мањкам дошта, сару пуштро рост нигоњ медоранд (расми 5) . Занњо мисли мардњо зиёд хам намешаванд (расми 6) . Дар рукўъ њадди аќалл се маротиба “Субњона раббиял ъазим” гуфта мешавад. Дар ваќти рукўъ бар ангуштони пой назар мекунанд. Баъд аз рукўъ “Самиъаллоњулиман њамидањ” ва “Раббано лакал
RkJQdWJsaXNoZXIy NTY0MzU=